World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 24.02.2024

Ozodi.org 

Ҷасади Алексей Навалнийро ба модараш додаанд

Мақомоти Русия ҷасади Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ин кишварро, ки дар шароити мармуз дар зиндон даргузашт, пас аз тақрибан даҳ рӯзи ҳодиса ва пойфишории зиёда аз навад ҳазор кас ба модараш додаанд.

Ozodi.org 

“Моро озод кунед”. Гуруснашинии муҳоҷирони тоҷик дар як боздоштгоҳи Амрико

Як гуруҳ муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи Вини аёлати Луизианаи Амрико (Winn Correctional Center) ба нишони эътироз аз будубоши тӯлонӣ дар ҳабс ва шароити нигаҳдорӣ  гуруснанишинӣ кардаанд.

Ozodi.org 

Рустами Эмомалӣ тарҳи нави бозсозии канори чапи дарёи Душанберо ба Эмомалӣ Раҳмон нишон дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 23 феврал нақшаи бозсозии як қисми пойтахтро муаррифӣ кардааст, ки то ҳол яке аз баҳсбарангезтарин барномаҳои ҳукумати пойтахт дар солҳои истиқлолияти кишвар дониста мешавад.

Ozodi.org 

«Дар кӯрпаҳо сахт печонида нафасгир карданд». Таърихи марги як тоҷик дар зиндоне, ки Навалний даргузашт

Як вебсайти русии таҳқиқотии  «Холод» дар паи сӯҳбат бо зиндониҳои имрӯзаву собиқи маҳбаси № 3 дар деҳаи Харпи минтақаи Ямало-Ненетск маълум кардааст, ки ду сол пеш як зиндонии тоҷики  ин маҳбасро то мурданаш шиканҷа кардаанд.

Ozodi.org 

Тоҷикистон ва Узбекистон ду истгоҳи назорати обро ифтитоҳ карданд

Бо мусоидати барномаи давлатии Швейсария “Blue Peace Central Asia” рӯзи 23 феврал дар соҳилҳои Канали калони Фарғона ва Канали шимолии Фарғона Тоҷикистон ва Узбекистон ду истгоҳи назорати обро ифтитоҳ карданд.

Ozodi.org 

Салом, хоҳар. “Зиндагӣ дар ҷонам зад”, чӣ маъно дорад?

“Зиндагӣ дар ҷонам зад” “Шумо дар ҷони ман задед” “Мурданам беҳтар аст, аз ин зиндагӣ”. Медонед, ки ин гапҳо чӣ пайёме доранд? Дар кадом ҳолат гуфта мешаванд ва касе, ки чунин чизе мегӯяд, он лаҳза чӣ эҳсос дорад?

Ozodi.org 

Салом, хоҳар. Чаро ду дугона худкушӣ карданд?

“Зиндагӣ дар ҷонам зад”, “Мурданам беҳтар аст, аз ин зиндагӣ” Медонед, ки ин гапҳо чӣ пайёме доранд? Шояд баъзеҳо дар лаҳзаҳои мушкили зиндагии худ бо ин гуфтаҳо фақат эҳсоси худро баён месозанд ва фикри баде надоранд. Аммо дар бархе ҳолат ба гуфтаи равоншиносон ин “бонги хатар” аст.