World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 27.02.2024

Ozodi.org 

Ҷузъиёти парвандаи мансабдорро гуфтанд

Мақомоти Суғд боздошти як мансабдори баландпояи давлатиро дар ин вилоят шарҳ доданд. Додситони вилояти Суғд гуфт, Лоиқ Урунов, мансабдори Оҷонси хидмати давлатӣ ба он муттаҳам мешавад, ки бо сохтакории санадҳо хостааст, ба як ширкат дар Хуҷанд ғайриқонунӣ барои сохтани хона замин бидиҳад.

Ozodi.org 

Ҳукумат сармоягузоронро ба Тоҷикистон даъват кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои молиявиро ба нишасте даъват кард. Созмонҳои байнулмилалӣ дар гузашта далели наомадани сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистонро аз ҷумла фасоду тамаъҷӯӣ номида буданд.

Ozodi.org 

"Хунук хӯрдем, шаҳр рафтем, хонаамонро дузд зад"

Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шикоят доранд, ки лимит ё маҳдудияти нерӯи барқ то хонаҳои онҳо низ расидааст. То кунун танҳо сокинони деҳот аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят доштанд.

Ozodi.org 

Умедвории Байден ба эҳтимоли оташбас дар Ғазза 

Президенти Амрико гуфт, агар созиш дар бораи раҳоии теъдоде аз гаравгонҳо аз тарафи гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ба даст биояд, Исроил мойил аст ҷангро дар Ғазза дар моҳи Рамазон боздорад. Моҳи Рамазон имсол даҳуми март шуруъ хоҳад шуд.

Ozodi.org 

Кранҳои борбардор ё одамкаш? Фалокат дар биноҳои Душанбе

Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, соли гузашта бунёди манзилҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст, аммо бархе ширкатҳои сохтмонӣ қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд. Аз ҷумла соли 2023, як ҷавон аз бинои баландошёнае дар Кӯлоб ба поён афтида, ҷон бохт.

Сетевое издание «Дагестанская правда» 

5 производителей войдут в кластер в области переработки шерсти в Дагестане

Абдулмуслим Абдулмуслимов сообщил в ходе заседания Штаба в формате ВКС под председательством заместителя Министра промышленности и торговли России Олега Бочарова.

Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷинбаророн, ҷонбаророн ё пулбаророн?

“Ҷинбарорӣ” кору манбаи асосии даромади Сабоҳиддин Шодиев (номи мустаор), рӯҳонии машҳур, дар як маҳаллаи наздик ба шаҳри Душанбе аст. Мегӯяд, ҳар ҳафта тақрибан 15 нафар аз ӯ мехоҳанд, ки “рӯҳи нопок” ё ҷинро аз баданашон берун кунад ва ё аз “чашми бад” халос гардонад.