World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 10.02.2024

Ozodi.org 

Фавти Мирзоҳалим Каримов дар Қирғизистон

Мирзоҳалим Каримов, нависанда ва рӯзноманигори зодаи Тоҷикистон, ки баъдан ба Қирғизистон кӯчиду дар онҷо кору зиндагӣ кард, 26-уми январи имсол даргузаштааст. 72 сол дошт. Муддати зиёде аз беморӣ ранҷ мекашид.

Ozodi.org 

Мирзоҳалим Каримов дар Қирғизистон даргузаштааст. ВИДЕО

Мирзоҳалим Каримов, нависанда ва рӯзноманигори зодаи Тоҷикистон, ки баъдан ба Қирғизистон кӯчиду дар онҷо кору зиндагӣ кард, 26-уми январи имсол даргузаштааст. 72 сол дошт. Муддати зиёде аз беморӣ ранҷ мекашид.

Ozodi.org 

Мунтахаби Қатар бори дуюм барандаи Ҷоми Осиё шуд

Дастаи мунтахаби Қатар, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Урдунро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, бори дуюм пайиҳам ба унвони қаҳрамони футболи Осиё даст ёфт. Бозии ниҳоӣ шаби 10-уми феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаили Қатар гузашт.

Ozodi.org 

Корхона боз шуд, корхона нест

Дар ҳоле ки Тоҷикистон рушди саноатро яке аз ҳадафҳои асосии худ медонад, садҳо корхона аз кор монда ва ё дахлу харҷашон ба сифр баробар шудааст. Раиси ҷумҳур онҳоро 550 баршумурд.

Ozodi.org 

Як сӯ Русия, як сӯ Чин. Ба Интернет ва корбаронаш дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд? САДО

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Русия “истифодаи нодуруст”-ро аз Интернет “пешгирӣ” карда, пойгоҳҳои системаи интернетии GSM/UMS/LTE/5G-ро аз Чин биоранд.

Ozodi.org 

Додгоҳ Kloop Media-ро дар Қирғизистон барҳам дод

Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 9-уми феврал бо талаби Додситонии пойтахти Қирғизистон дар бораи барҳам додани Бунёди иҷтимоии Kloop Media, бунёдгузори расонаи мустақили Kloop, қарор баровард.

Ozodi.org 

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба шаҳри Рафаҳ

Исроил рӯзи 10-уми феврал ҳамлаҳои ҳавоиро ба шаҳри марзӣ ва сераҳолии Рафаҳ дар Навори Ғазза сар кард. Онҷоро паноҳгоҳи охирини фаластиниёни овора медонанд.

Ozodi.org 

Салом хоҳар. Фарзандони зани дувум фарзанд нестанд?

Дар барномаи имрӯз дар бораи оқибатҳои бади чандҳамсарӣ ва паёмадҳои он барои кӯдакон суҳбат мекунем. Сарнавишти як ҳамсари дуввумро мебинем, ки чаҳор сол боз дар додгоҳ кашмакаш дорад ва ҳам тавсияҳои мутахассисону равоншиносонро мепурсем.

Ozodi.org 

"Шуниданду хестанду гуфтанд, ки қарор бетағйир мемонад" ВИДЕО

Баҳси як зани маъюб бо ҳамсари маъмури Додситонӣ барои соҳибӣ ба хона дар шаҳри Хуҷанд идома дорад. Муяссар Тоирова мегӯяд, Додгоҳи вилояти Суғд қазияро ба фоидаи Сулҳия Шоева ҳал кард, вале ӯ таслим шуданӣ нест. Қаблан Додгоҳи шаҳри Хуҷанд айни ҳамин қарорро бароварда буд.