World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 08.02.2024

Ozodi.org 

Имсол соли писта набудааст

Дар Тоҷикистон тобистони гузашта ҳосили писта хуб набудааст. Камҳосилӣ ба тағйироти иқлим рабт дода мешавад. Аз ин пештар фаровонии писта нархи онро дар бозорҳои кишвар анадаке поён бурда буд.

Ozodi.org 

"Фош намешавад." Чаро музокироти Тоҷикистону Қирғизистон "махфӣ" аст? ВИДЕО

​Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, ҷузъиёти гуфтушунидҳо бо Қирғизистон бар сари хати марз то имзои созишномаи ниҳоӣ махфӣ хоҳад монд. Ин нукта нигарониҳоро дар бораи чӣ гуна тақсим шудани заминҳои баҳсӣ ба вуҷуд овардааст.

Ozodi.org 

Дар вилояти Маскав мехоҳанд, муҳоҷиронро “бикӯчонанд”

Дар вилояти Маскав пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷиронро аз маҳаллаҳои аҳолинишин “бикӯчонанд”. Раиси собиқи Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов мегӯяд, тибқи нақшаи мақомот, бошгоҳҳо барои муҳоҷирон дар назди ҷойи кори онҳо, аз ҷумла дар маҳалли сохтмон ва марказҳои боррасонӣ, ташкил карда хоҳад шуд.

Ozodi.org 

Покистон: Интихобот дар шароити буҳронӣ

Интихоботи порлумонии Покистон рӯзи 8-уми феврал ва дар шароити буҳрони иқтисодиву сиёсӣ ва афзоиши ҳамлаҳои маргбор доир шуд. Мизони таварррум дар Покистон низ ба 30 дарсад баробар буда, яке аз машҳуртарин сиёсатмадорони ин кишвар - собиқ сарвазир Имрон Хон дар зиндон аст.

Ozodi.org 

Ҷузъиёти гуфтугӯ бо Қирғизистон фош намешавад?

Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, ҷузъиёти гуфтушунидҳо бо Қирғизистон бар сари хати марз то имзои созишномаи ниҳоӣ махфӣ хоҳад монд. Ин нукта нигарониҳоро дар бораи чӣ гуна тақсим шудани заминҳои баҳсӣ ба вуҷуд овардааст.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 8-уми феврали соли 2024

Ташхиси марзи Тоҷикистону Қирғизистон 90% ба анҷом расидааст; ҷанҷоли муҳоҷирон бо маъмурони бозоре дар вилояти Маскав; интихоботи умумии Покистон; коҳиши ҳосили писта дар Кӯлоб ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

"Дар Русия гум, дар Душанбе ёфт шуд." Боздошти муҳоҷири тоҷик барои наворҳои "Ҳамос"

Як муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки ба гуфтаи наздиконаш барои паҳн кардани наворҳои "Ҳамос" дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт ва бенишон шуда буд, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ozodi.org 

Илҳом Алиев беш аз 92%-и овозҳоро ба даст овардааст

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Озарбойҷон гуфт, президенти ҳозира Илҳом Алиев дар интихоботи пеш аз муҳлат беш аз 92 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Интихобот рӯзи 7-уми феврал гузашт.

Ozodi.org 

Чӣ гуна рухсатномаи 300 сомонӣ 130 доллар шуд?

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мушкили дастрас кардани рухсатнома ва гаронии нархи онро, ки боис ба сарсонии даҳҳо ронанда дар сарҳад бо Узбекистон шудааст, шарҳ дод.

Ozodi.org 

Вазир гуфт, Тоҷикистон имкони истеҳсоли электромобилро дорад

Вазири саноат ва технологияҳои нав мегӯяд, Тоҷикистон барои истеҳсоли электромобил (мошинҳои барқӣ) ҳама гуна ашёи хом ва тавоноии фанновариву муҳандисиро дорад. Шералӣ Кабир рӯзи 8-уми феврал гуфт, гузаштан ба истеҳсоли электромобил "як тамоюли ҷаҳонӣ аст".

Ozodi.org 

Иштироки футболбозони навраси тоҷик дар "Ҷоми рушд-2024"

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми рушд-2024» дар Минск иштирок хоҳад кард.

Ozodi.org 

Дар як сол наздик ба 170 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудааст

Соли 2023 қариб 170 километр (169,48 км) хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудааст. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон ва раиси гуруҳи топографӣ аз ин кишвар, 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.