World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 05.02.2024

Ozodi.org 

"Фарзандонам дар зери вайрона, пеши чашмам ҷон доданд" ВИДЕО

Як сол пеш заминларзаи маргбортарин дар таърихи муосири Туркия зиндагии Абдуалим Муайниро зеру забар кард. Тақрибан се рӯз зери вайрона буд ва ҳамонҷо ҳамсару фарзандонаш пеши чашмаш ҷон доданд. Онҳо аз ҷанг дар Сурия гурехта буданд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 5-уми феврали соли 2024

Нархи гарони манзил дар Тоҷикистон; боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон дар шарқи Русия; аз заминларзаи маргбори Туркия як сол гузашт; додгоҳи Суғд баҳсро бо оилаи зани маълул ба нафъи додситон ҳал кард.

Ozodi.org 

Нархи хона дар Тоҷикистон гарон буд, гаронтар шуд

Нархи хона дар шаҳри Душанбе дар соли 2023 “андаке гарон” шудааст. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ҳоло як метри мураббаъ хона қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст. Ин дар ҳолест, ки маоши миёна ҳудуди 2,5 ҳазор сомонӣ (230 доллар) аст.

Ozodi.org 

"Заминларза ҳамаро аз ман гирифт"

Як сол пеш заминларзаи мудҳиш дар Туркия даҳҳо ҳазор нафарро ҳалок ва миллионҳо каси дигарро бехонумон кард. Абдуалим Муайнӣ тақрибан 3 рӯз зери вайронаҳо монд ва наҷоти ӯ яке аз тасвирҳои ёдмондании заминҷунбии вайронгари Туркия дар соли 2023 буд.

Ozodi.org 

Вазир гуфт, зиёни ҳавои гарм ҳанӯз зиёд нест

Ҳавои гарму бебориши як моҳи охир, ки деҳқонону боғпарварони Тоҷикистонро нигарон карда буд, ба қавли вазири кишоварзӣ ҳанӯз зиёни зиёде ба боғу киштзорҳо нарасонидааст. Ҳавои хушк дар нимаи зимистон сабаб шуд, ки баъзе аз дарахтон дар Тоҷикистон гул кунанд.

Ozodi.org 

СММ аз Тоҷикистон пурсид, барои занон чӣ кардааст?

Дар нишасте дар Женева вазъи занони тоҷикро баррасӣ карданд, ки қонун ба онҳо чӣ ҳақ додааст, аммо дар асл чӣ сарнавишт доранд. Дастрасии занон ба кор, мубориза бо хушунат, имкони ширкат дар интихобот ва мушкилоти дигар ҳам аз забони мақомот ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ садо дод.

Ozodi.org 

Ба раисону вазирони тоҷик чӣ суол доред?

Вазирону раисони кумитаҳо ва ниҳодҳои дигари давлатии Тоҷикистон аз 29-уми январ бо баргузории нишастҳои хабарӣ ба суоли рӯзноманигорон посух медиҳанд. Ин нишастҳо ҳар шаш моҳ як бор мегузаранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки ба вазирон чӣ суол доранд?