World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 15.02.2024

Ozodi.org 

Вазир таркиши Кӯлобро амали террористӣ номид

Бо гузашти беш аз як моҳ аз таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, мақомоти Тоҷикистон расман онро "амали террористӣ" хонданд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ин ҷиноятро "гурӯҳи муташаккил содир кардааст".

Ozodi.org 

Мактаби паноҳҷӯёни афғонро дигарбора боз карданд

Ягона мактаби муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон пас аз саргардониҳои зиёд, ҷойи дигар пайдо кард. Дари ин мактабро, ки садҳо нафар таҳсил мекунанд, чанде пеш ба сабаби напардохтани пули иҷораи бино бастанд. Ҳоло гӯшае аз сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷойи таҳсили онҳо шуд.

Ozodi.org 

Тоҷикистон нахустин бор дар рӯйхати 100 мунтахаби беҳтарини футболи ҷаҳон ҷой гирифт

Тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи FIFA, ки 15-уми феврал дар сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол нашр шудааст, бо 1218,89 имтиёз ҳафт зина боло рафт ва дар ҷойгоҳи 99-ум қарор гирифт.

Ozodi.org 

"Ғазза макони маргбор". Қатли журналистон ба ҳадди рекордӣ зиёд шудааст

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) дар гузориши нави худ аз марги 99 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо дар ҷаҳон дар соли гузашта хабар додааст. Ин болотарин талафот аз соли 2015 будааст.

Ozodi.org 

Шоҳиён: Парвандаи муаллифони "Ҳаводиси рӯзгори ман" махфӣ нест, "толори муносиб надорем"

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон далели асосии дар СИЗО ё Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шудани мурофиаи муаллифони китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро ба набудани "толори муносиб" дар бинои Додгоҳи олӣ рабт дод.