World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 11.02.2024

Ozodi.org 

Санҷиши маҷбурии бакорати духтарони мактабхон дар Туркманистон

Дар ғарби Туркманистон духтарони мактабхонро маҷбур мекунанд, ки аз санҷиши бакорат гузаранд. Ҳадаф баҳодиҳии ахлоқи духтарон ва пешгирӣ аз ҳомиладорӣ дар сини наврасӣ будааст. Дар бораи онҳое, ки аз ин санҷиш намегузаранд, ба Хадамоти амният хабар дода мешавад.

Ozodi.org 

"SOS" Замимае барои пешгирӣ ва огаҳӣ аз офатҳои табиӣ

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ дар кишвар барномаи мобилие дастрас мешавад, ки ба сокинон барои пешгирӣ аз хатари офатҳои табии ва сари вақт огоҳшудан аз ҳолатҳои фавқулода кӯмак мекунад.

Ozodi.org 

Сарвазири собиқи Ҳолланд ва занаш ихтиёран бо зиндагӣ падруд гуфтанд

Сарвазири собиқи Ҳолланд Дрис ван Агт якҷо ва ихтиёран бо ҳамсараш Эугения вафот карданд. Зану шавҳари 93 сола, ки аз бемории шадиде ранҷ мекашиданд, тасмим гирифтанд, бо роҳи “эвтаназия” ё марги бедард ба зиндагӣ хотима бахшанд. Дар Ҳолланд ба марг бо ин роҳ иҷоза дода шудааст.

Ozodi.org 

“На ҷои рафтан, на пои мондан” Нигарониҳо аз ҳамлаи Исроил ба охирин паноҳгоҳи фаластиниён

Кишварҳои ҳамсояи Исроил ва калидӣ дар гуфтугӯҳои миёни "Ҳамос" ва Исроил аз паёмадҳои фалокатбори ҳамла ба ҷануби шаҳри наздимарзии Ғазза – Рафаҳ ҳушдор дода, аз Исроил хостанд, дар ин макон амалиёти низомӣ анҷом надиҳад.

Ozodi.org 

Исроил гуфт, дар таҳхонаи идораи СММ дар Ғазза нақби "Ҳамос"-ро ошкор кард

Артиши Исроил эълон кард, ки дар зери бинои қароргоҳи Оҷонсии СММ дар умури кӯмак ба паноҳандаҳои фаластинӣ дар Ғазза нақби гуруҳи тундрави "Ҳамос"-ро  ошкор кардааст.  Дар он ба иддаои Исроил маркази иктишофии ҲАМОС ҷойгир буд. Оҷонсии СММ (UNRWA) гуфтааст, аз вуҷуди ин нақб хабар надошт.

Ozodi.org 

Гапи озод: Нишастҳои хабарӣ баҳри огаҳии мардум аст, ё фиреби хабарнигорон?

Нишастҳои хабарие, ки дар Тоҷикистон идома доранд, баёнгари чӣ аст? Озодии сухан, ё хок пошидан ба чашми журналистҳо? Бархе хабарнигорон мегӯянд, нишастҳои хабарӣ на маҳалле барои посух гирифтан ба суолҳо шудаанд, балки ба як минбари хондани ҳисоботи хушки вазорату идораҳо табдил ёфтаанд.