World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 14.02.2024

Ozodi.org 

Бонки Миллӣ гуфт, сомонӣ зиёд беқурб нашудааст

Бо вуҷуди шикояти пайвастаи сокинон аз болоравии қимати маводи ғизоӣ аз ҷумла нону равған, мақомоти Бонки Миллӣ мегӯянд, қурби сомонӣ аз меъёри пешбиникардаи онҳо поин нарафтааст. Таваррум, ки нишондиҳандаи поинравии қурби пули ҳар кишвар аст, ба қавли раиси Бонки миллӣ соли гузашта зиёд набуд.

Ozodi.org 

Сабабҳои фурӯши барқ ба хориҷро шарҳ доданд

Намояндагони ширкати Барқи Тоҷик бузургтарин таъминкунандаи мардуми Тоҷикистон бо нирӯи энержӣ сабабҳои фурӯши барқ ба хориҷро шарҳ доданд. Посухи онҳо ба танқидҳое буд, ки чаро мардуму корхонаҳои кишвар дар тирамоҳу зимистон барқи кофӣ надоранд, вале ширкат ба хориҷа барқ мефурӯшад.

Ozodi.org 

Муовини раиси Восеъро паси панҷара андохтанд

Як сол баъди боздошти муовини раиси ноҳияи Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон ахиран ҳукми додгоҳи ӯ содир шуд. Ӯро бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ба шашуним соли зиндон маҳкум карданд.