World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 18.02.2024

Ozodi.org 

Давлатманди Хол, фалаксарои маъруф, даргузашт

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов), ҳунарманди саршинос ва фалаксарои маъруфи тоҷик, рӯзи 18-уми феврал даргузашт. 74 сол дошт. Саҳифаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Фейсбук навишт, ки "тайи чанд муддати охир дар бистари беморӣ буд".

Ozodi.org 

Дар Бӯстон барои пешгирӣ аз беобӣ чора андешиданд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои пешгирӣ аз эҳтимоли камобиву хушк шудани зироатҳои кишоварзон як обанборро дигарбора таъмир ва пур кардаанд. Кӯле, ки бо номи Комсомол дар Бӯстон шинохта мешавад, солҳои зиёд хушку ғайриқобили истифода буд.

Ozodi.org 

Баҳси биноҳои "ларзонак" ва ё тобовар ба заминларза дар Қазоқистон

Иттифоқи меъморони Қазоқистон даъват дорад, ки ҳангоми тарҳрезии биноҳо дар минтақаҳои зилзилахез назорату таваҷҷуҳ бештар шавад. Ба гуфтаи коршиносон, заминларзаи сахти моҳи январ нишон дод, ки хадамоти изтирории шаҳр на танҳо ба зилзила, балки ба рафъи оқибатҳои эҳтимолии он ҳам омода нестанд.