World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 21.02.2024

Ozodi.org 

"Аз дарс омад... се мард гирифта ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд"

Волидони ду ҷавон дар вилояти Суғд иддао доранд, ки мақомот фарзандони онҳоро “ғайриқонунӣ” ба артиш бурдаанд ва бояд раҳо кунанд. Баҳс ба Додгоҳ кашида шудааст, аммо додраси зинаи аввал посухи рад дода. Далели ҳарду тараф чист?

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми феврали соли 2024

Модарони ду наваскар иддао доранд, ки фарзандони донишҷӯяшонро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд; "Тоҷикистон дар саросари олам дигарандешонро таъқиб мекунад" ва шарҳи гумруки Тоҷикистон дар бораи телефонҳои қочоқӣ.

Ozodi.org 

Гумруки Тоҷикистон мегӯяд, "телефони мобилии қочоқӣ нахаред!"

Моҳҳои ахир,масъалаи сабти IMEI ва пардохти боҷӣ гумрукӣ барои телефонҳо ба мавзӯи баҳс табдил шудааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, телефон ва ҳар дастгоҳҳои дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном карда шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд.

Ozodi.org 

"Ташнаву гурусна дар фурудгоҳ ҳастем." Чаро даҳҳо тоҷикро ба Туркия роҳ надоданд?

Мақомоти Туркия дар як ҳафтаи охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин кишвар роҳ надода, қарори ихроҷи онҳоро дар Фурудгоҳи Истанбул содир кардаанд. Бархе аллакай ба кишвар баргашта, иддае ҳанӯз дар Фурудгоҳ ҳастанд. Мақомоти Туркия ва Тоҷикистон масъаларо шарҳ намедиҳанд.

Ozodi.org 

Ҳакерҳои чинӣ маълумоти шахсии қазоқистониҳоро дуздидаанд

Маркази таҳлил ва таҳқиқи ҳамлаҳои сайберӣ ё кибернетикии Қазоқистон гуфт, як гурӯҳи ҳакерӣ беш аз ду сол ба зербиноиҳои муҳими операторони алоқаи ин кишвар дастрасӣ дошта, аз ҷумла, тӯли зангҳои телефонӣ ва IMEI-и дастгоҳҳоро назорат мекардааст.

Ozodi.org 

“Вето”-и Амрико ва идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза

Дар ҳоле ки Вашингтон рӯзи 20-уми феврал қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро барои оташбас дар Ғазза вето гузошт, нерӯҳои Исроил рӯзи 21-уми феврал ба ҳамлаҳои худ дар ин минтақаи дар ҳоли муҳосира идома доданд.

Ozodi.org 

Панҷ парванда дар як сол. Чаро додрасҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд?

Дар як соли гузашта (2023) ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз "кирдор"-е ёд шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.

Ozodi.org 

Чаро додрасҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд?

Дар як соли гузашта ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз “кирдор”-е ёд шудааст, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”. Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.

Ozodi.org 

Путин: Русия бо ҷойбаҷо кардани силоҳҳои ҳастаӣ дар фазо мухолиф аст

Раиси ҷумҳури Русия гузоришро дар бораи нияти Маскав барои ҷобаҷо кардани аслиҳаи ҳастаӣ дар фазо рад намуд. Владимир Путин ин мавзуъро рӯзи 20-уми феврал дар вокуниш ба изҳороти як мақоми амрикоӣ матраҳ кард.

Ozodi.org 

Шикасти футболбозони навраси тоҷик аз мунтахаби Русия дар "Ҷоми рушд"

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024» дар Минск аз тими Русия (U-17) бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд.

Ozodi.org 

Саргузашти як духтари футболбоз аз Тоҷикистон, ки ба Амрико рафтааст. ВИДЕО

Як духтари футболбоз аз Тоҷикистон, талош дорад ба яке аз тимҳои футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шомил шавад. Мадина Фозилова, капитани дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон аст. Ӯ 28 сол сол дорад ва аз ин 17 солашро дар футбол сипарӣ кардааст.