World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 22.02.2024

Ozodi.org 

"Мухолифони тоҷикро дар хориҷа таъқиб мекунанд"

Як созмони муътабар ҳукумати Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо танқид кардааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 22-юми феврал ба ин далел дар гузорише Тоҷикистонро дар канори Руанда, Камбоҷа, Арабистони Саудӣ, Чин ва Туркманистон ҷой дод.

Ozodi.org 

Тоҷикистон бо "Толибон" гуфтушунид дорад?

Пажуҳишгоҳи швейтсарии умури ҷаҳонӣ ё Swiss Institute for Global Affairs рӯзи 21-уми феврал навишт, “Толибон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон миёнарави гуфтушуниди онҳо бо ҷамоати “Ансоруллоҳ” шудаанд. “Ансоруллоҳ”, ки асосан аз ҳисоби ҷангҷӯёни тоҷик таркиб ёфтааст, дар хоки Афғонистон фаъол аст.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 22-уми феврали соли 2024 (Пахши зинда)

Пажуҳишгоҳе исрор меварзад, ки Тоҷикистон бо Толибони Афғонистон музокирот дорад, гузориши созмони Ҳуман Райтс Воч дар бораи таъқиби мухолифини тоҷик дар хориҷа, манъи фаъолияти Радиои Озодӣ дар Русия ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Русия Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодиро "созмони номатлуб" хондааст

Дар рӯзҳое, ки Радиои Озодӣ дар бораи марги Алексей Навалний, раҳбари маъруфи мухолифин дар Русия гузориш таҳия мекард, ҳукумати ин кишвар Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодиро дар рӯйхати созмонҳои номатлуб дар ин кишвар ҷой дод.

Ozodi.org 

"Туро меёбем ва мекушем"

Як созмони муътабар ҳукумати Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо танқид кардааст.

Ozodi.org 

Баҳси IMEI. Хадамоти гумрук аз "афв" гуфт, сокинон аз душворӣ

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дуздона (қочоқӣ) ба кишвар овардани телефонҳои мобилиро то замони ҳатмӣ шудани сабтиноми онҳо тасдиқ кард. Хуршед Каримзода гуфт, мушкили сабт шудани ин телефонҳоро мебоист худи тоҷирон ҳал мекарданд.

Ozodi.org 

Идомаи бамборони Рафаҳ аз сӯи Исроил

Исроил бомбаборони Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро сахттар кардааст. Дар ҳоле, ки вазорати тандурустии Ғазза охирин омори кушташудагони фаластинӣ дар ин ҷангро 29 ҳазори 291 нафар эълон кардааст, беш аз даҳ узви як хонавода низ дар яке аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Рафаҳ кушта шуданд.