World News in Tajik
Март
2024

Новости за 05.03.2024

Ozodi.org 

Сабаби сахттар шудани тафтишро дар марз бо Узбекистон гуфтанд

Афзоиши мавридҳои кашф ва мусодираи маводи мухаддир дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Узбекистон сабаби баҳсе миёни рӯзноманигорон бо сарони бунгоҳи мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва идораи гумрук дар вилояти Суғд шуд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 5-уми марти соли 2024

Афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо гуноҳи рабудан ва куштани устоди донишгоҳ зиндонӣ шуд; Русия мехоҳад пули ихроҷи муҳоҷиронро пеш аз вурудашон ба ин кишвар ситонад; шарҳи ниҳодҳои қудратии Суғд дар бораи шадидтар шудани тафтиш дар марз ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Дар Русия мехоҳанд, аз муҳоҷирони корӣ “ҳақ” ситонанд

Дар Русия пешниҳод доранд, ки аз муҳоҷирони корӣ қабл аз даромадан ба ин кишвар “ҳақ” биситонанд. Қарор аст, тарҳи қонун дар ин бора ба Думаи Давлатӣ фиристода шавад. Мақомоти Русия мехоҳанд, пулҳои ҷамъшударо ҳангоми ихроҷи муҳоҷирон сарф кунанд.

Ozodi.org 

Шарҳи сахттар шудани тафтиш дар марз бо Узбекистон

Афзоиши мавридҳои кашф ва мусодираи маводи мухаддир дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Узбекистон сабаби баҳсе миёни рӯзноманигорон бо сарони бунгоҳи мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва идораи гумрук дар вилояти Суғд шуд.

Ozodi.org 

Муҳоҷирони узбек ҳукумати Амрикоро дар табъиз муттаҳам мекунанд

Беш аз 30 шаҳрванди Узбекистон, ки тариқи Мексика ғайриқонунӣ ба Амрико рафта, ҳоло дар марказҳои муҳоҷиратӣ дар ҳабс ҳастанд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро дар табъиз алайҳи худ муттаҳам мекунанд.

Ozodi.org 

Паёми президент: Чӣ иҷро шуд, иҷро мешавад ё нотамом мондааст?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ду моҳ пас аз паёмаш ба ҳар ду палатаи порлумон роҳҳои иҷрои онро бо ҳукумат дар миён гузоштааст. Шахсони масъул ва мансабдорони Тоҷикистон аз суҳбат бо хабарнигорон дар ин гуна мавзуъҳо худдорӣ мекунанд.

Ozodi.org 

Дар лигаи олии футболи Тоҷикистон 12 даста бозӣ мекунад

Дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ теъдоди тимҳои иштироккунандаи мусобиқот ду адад зиёд шуда, ба 12-то расид. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гирифта шуд.

Ozodi.org 

Таҳқиқот: Дар Қирғизистон 90% духтарон дар нақлиёт дучори табъиз шудаанд

Навад дарсади занону духтарон дар Қирғизистон дар нақлиёт дучори табъиз ё дастдарозӣ шудаанд. Ин натиҷаи таҳқиқи Дафтари ҳуқуқи башар, як созмон ғайридавлатӣ аст, ки якҷо бо идораи Омбудсмени Қирғизистон анҷом додааст.