World News in Tajik
Март
2024

Новости за 18.03.2024

Ozodi.org 

Дар Амрико истифодаи Тик-Ток-ро манъ мекунанд?

Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳеро қабул кард, ки эҳтимол шабакаи иҷтимоии Тик Ток-ро дар ин кишвар маҳдуд кунад. Тик Ток-ро дар Амрико беш аз 170 миллион нафар истифода мекунад.

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон доир ба "пирӯзӣ"-и Путин чӣ мегӯянд?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз Путинро табрик гуфт ва пирӯзии ӯро "ғолибияти баҳснопазир" номид. Русия мизбони бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷик аст ва ду кишвар ҳамкориҳои зич доранд. Мондани Владимир Путин дар қудрат барои Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад.

Ozodi.org 

Владимир Путин дигарбора раиси ҷумҳури Русия шуд

Кумисюни Марказии интихоботи Русия Владимир Путинро пирӯзи интихоботи президентии ин кишвар эълон кард. Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ, Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия зиёда аз 87 дарсади раъй ба даст овардааст. Нозирони хориҷӣ интихоботи Русияро саҳнасозишуда номиданд.

Ozodi.org 

Дастаи олимпии Тоҷикистон бо Ветнам ду бозии дӯстона мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз кард.

Ozodi.org 

Дастаи посдорони сулҳи қазоқистонӣ ба баландиҳои Ҷулон расиданд

Низомиҳои қазоқистонӣ ба баландиҳои Ҷулон расиданд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Қазоқистон рӯзи 16 март хабар доданд. Онҳо нахуст ба шаҳри Димишқи Сурия рафта ва аз онҷо бо мошин то пойгоҳи ҳифзи сулҳи Фавар расидаанд.