World News in Tajik
Март
2024

Новости за 06.03.2024

Ozodi.org 

"Се кас маҷруҳ шуд." Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав

Рӯзи 5-уми март дар яке аз сохтмонҳои Маскав ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон сар зад. Дар пайи он се нафар маҷруҳ шуда, ду кас ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ба тақрибан даҳ нафар аз ширкатдорони занозанӣ хатари ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад.

Ozodi.org 

Занони соҳибкор дар Тоҷикистон чӣ вазъ доранд?

Вазъи бонувони соҳибкори Тоҷикистонро дар нишасте дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд. Ҳамоишро Оҷонси рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) рӯзи 6-уми март бо ширкати шуморе аз занони муваффақ гузаронд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 6-уми марти соли 2024

Дар канори Душанбе се нафар аз дуди ангишт ҳалок шудааст; Хадамоти муҳоҷирати Русия мехоҳад, хориҷиёни носкашро аз патент маҳрум кунад; ҷанҷоли гурӯҳӣ миёни муҳоҷирон дар вилояти Маскав ва нишасти занони соҳибкор дар Душанбе.

Ozodi.org 

Айнии мусиқии тоҷик. Ёдворае аз Акашариф Ҷӯраев

Аз таваллуди ҳунарманду овозхони шаҳир ва хунёгари маъруф Акашариф Ҷӯраев 128 сол мегузарад. Муҳаққиқони осораш ӯро аз эҳёгарони мусиқии миллӣ медонанд. Радиои Озодӣ талош кард, дар достони видеоӣ кори ӯ, зиндагӣ ва осорашро ба баррасӣ бигирад.

Ozodi.org 

Рӯзноманигори зиндониро дар Қазоқистон ҷабрдида эътироф карданд

Думан Муҳаммадкарим, рӯзноманигори қазоқистонӣ ва муаллифи саҳифаи ND дар Ютуб, ки ба иттиҳоми "сармоягузории тундгароӣ" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" зиндонӣ шудааст, дар доираи парвандаи шиканҷа ҷабрдида эътироф шуд.

Ozodi.org 

Пирӯзиҳои Байден ва Трамп дар "Сешанбеи бузург"

Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар интихоботи ибтидоии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар "Сешанбеи бузург" ё "Суперсешанбе" тавонистааст ба пирӯзиҳои чашмгире бирасад.

Ozodi.org 

Муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон 5 медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи байнулмилалии бокс ба хотираи қаҳрамони панҷкаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ Болат Темиров, ки рӯзҳои 1-5-уми март дар шаҳри Атирауи Қазоқистон доир гардид, 5 медал (2 нишони нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ozodi.org 

41 ширкати хориҷӣ аз Русия ба Қазоқистон кӯчидааст

Аз Русия 41 ширкати хориҷӣ ба Қазоқистон кӯчидааст, ки гардиши тиҷораташон бештар аз 1,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Бауирҷон Худойберганов, ноиб-вазири иқтисоди миллии Қазоқистон хабар дод.