World News in Tajik
Март
2024

Новости за 11.03.2024

Ozodi.org 

Ду медали гуштигирони тоҷик дар Туркия

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Яшар Догу, гуштигири машҳури турк, қаҳрамони ҷаҳон. Аврупо ва Бозиҳои олимпӣ, ки рӯзҳои 7-10-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд.

Ozodi.org 

“Ҳар кас кӯрпаро ба тарафи худ мекашад.” Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон

112 соли матбуоти тоҷикро дар ҳоле ҷашн гирифтанд, ки мушкилоту фишорҳо ва таҳдид ба расонаҳои мустақил ва хабарнигорон дар Тоҷикистон афзудааст. Ин назари баъзе аз созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон ва озодии баён аст.

Ozodi.org 

"Ҳар кас кӯрпаро тарафи худаш мекашад"

Рӯзи 11-уми март, рӯзноманигорони тоҷик дар шароите аз 112-солагии матбуоти тоҷик таҷлил карданд, ки ба гуфтаи созмонҳои байнулмилалӣ озодии баён дар кишвар сол ба сол маҳдудтар мешавад.

Ozodi.org 

"Бачаи мо бегуноҳ аст, озод кунед"

Додгоҳи Ваҳдат як сокини 23-солаи ин шаҳрро барои нашри видеои танқидӣ аз шеваи бо зур ба артиш бурдани бародараш ба панҷ сол зиндон маҳкум кард. Шаҳбози Шарифбек дар ин видео аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро барои ҷазо надодани афроди худсар танқид карда буд.

Ozodi.org 

Қатли 22 узви як оила. Эътирози додситон ба ҳукми Додгоҳи Бохтар

​Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳукми Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ Хӯҷа Каримовро бар асоси қонуни афви умумӣ (аз соли 1998) аз дувоздаҳ то ба ҳашт сол зиндон поин овардааст.

Ozodi.org 

Ду мушзани тоҷик барои роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 талош доранд

Варзишгарони маъруфи тоҷик Асрор Воҳидов ва Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия ҷараён дорад, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиалаи Порис-2024 мубориза мебаранд.

Ozodi.org 

Барканории Ғафуров ва Улҷабоев. Тоҷикистон дар аҳди Хрушев

Сарфи назар аз ҳама ситоишҳо, пас аз як солу чор моҳ, Никита Хрушев котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро аз вазифа барканор кард. Тоҷикистон дар замони роҳбарии ӯ ба комёбиҳои муҳим ноил гардида буд.

Ozodi.org 

"Дуоям ин аст, ки мактабҳо ба рӯи духтарон боз шаванд"

Як сол пеш, Муска Шоҷии 13-сола ҳамроҳ бо оилааш аз Афғонистони зери назорати Толибон фирор кард ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико паноҳ бурд. Ин духтарак ҳоло дар синфи 7 мехонад ва медонад, ки агар дар Афғонистон мебуд, таҳсил барояшон номумкин мешуд.