World News in Tajik
Март
2024

Новости за 27.03.2024

Ozodi.org 

Адиби шинохтаи тоҷик дар Хуҷанд даргузашт

Субҳи 27-уми март дар Хуҷанд адиберо ба хок супориданд, ки дар даврони Шӯравӣ падарашро аз Тоҷикистон бадарға карда буданд. Муҳиддини Хоҷазод ҳарчанд дар Русия ба дунё омад, вале беш аз 60 соли умрашро ба Тоҷикистон бахшид, эҷод кард ва унвони нависандаи халқиро гирифт.

Ozodi.org 

"Гуфтанд, чизу чораатонро бардореду дафъ шавед"

Даҳҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ба зӯроварӣ, муносибати душманона ва ронда шудан аз кор рӯбарӯ гаштаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, сокинони Русия талош мекунанд, дар ҳар ҳолати мумкин бадбинии худро ба онҳо нишон диҳанд.

Ozodi.org 

Сафар ба Русия кам, вале бозгашт зиёд шудааст

Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст. Баъзе аз сафар ба Русия даст кашида, гурӯҳи дигар аз бимашон ба Тоҷикистон бармегарданд.

Ozodi.org 

Лукашенко: Чораҳои амниятӣ монеи вуруди ҳамлаварон ба Беларус шуд

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко рӯзи 26-уми март гуфт, ҳамлаварон ба толори консертӣ дар наздикиҳои Маскав дар охири ҳафтаи гузашта бинобар чораҳои амниятӣ дар сарҳад натавонистанд вориди кишвараш шаванд.

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон ба Чин меравад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзҳои 28-29-уми март бо сафари корӣ ба Чин меравад ва дар ҷаласаи Форуми осиёии Боао ширкат мекунад.