World News in Tajik
Март
2024

Новости за 12.03.2024

Ozodi.org 

Дар Хатлон ба хабарнигорон чӣ гуфтанду чӣ супурданд?

Мақомот дар вилояти Хатлон низ рӯзноманигоронро ба Иди матбуот табрик гуфтаанд. Дар ин рӯз мақомот ва рӯзноманигорон атрофи мушкили иқтисодии нашрияҳо суҳбат карданд, вале ҳарфе аз дастраси ба озодии баён ва фишор ба рӯзноманигорон садо надодааст.

Ozodi.org 

Свердлов: "Гум шудани ду мухолифи ҳукумат аломати нигаронкунанда аст"

Намояндагони "Гурӯҳи 24" рӯзи 12-уми март гуфтанд, ки барои пайдо кардани Сӯҳроб Зафар, раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ба мақомоти Туркия ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар муроҷиат кардаанд.

Ozodi.org 

Наздиконаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон дар Узбекистон "ёфт шудааст"

Пайвандонаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола аз Хуҷанд, ки ба бовари онҳо дар дарёи Сир ғарқ шуда буд, дар ҳудуди Узбекистон ёфт шудааст. Дар Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд.

Ozodi.org 

Сардори як мизи ҳарбиро дар Ашт барои қаллобӣ ҷазо додаанд

Як низомиро дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд барои қаллобӣ ҷазо доданд. Сардори мизи ҳарбии ҷамоати Ориён ба гирифтани 15 ҳазор сомонӣ дар ивази таҳияи билет ва аз хидмат озод кардани як сокини ноҳия гунаҳкор шудааст.

Ozodi.org 

Як созмон гуфт, зулму ситам ба зани тоҷик кам нашудааст

Як созмони ҳомии ҳуқуқ рӯзи 8-уми март дар гузорише роҷеъ ба хушунат ва ҷабру зулм ба занон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳукумат бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёд натавонистааст, пеши бадрафториву зулму ситам ба занонро бигирад.

Ozodi.org 

Тамринҳои НАТО омодагӣ ба муқобила бо Русия?

Шветсия, ки рӯзи 7-уми март ба узвияти НАТО пазируфта шуд, дар машқҳои ин созмони низомӣ ин ҳафта ширкат мекунад. Тамринҳои НАТО дар Аврупо бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии Русия сурат мегиранд.

Ozodi.org 

Ягона кинотеатрро дар Фархор вайрон кардаанд

Дар Фархор ягона кинотеатрро дар ин ноҳия вайрон карданд. Мақомот ваъда додаанд, ки толори нави синамо бунёд мешавад, аммо маълум нест, ки кай. Дар 15 соли охир ҷойи толорҳои синаморо дар гӯшаҳои кишвар мағозаву маконҳои дигар гирифтанд.

Ozodi.org 

Манбаъҳо: Додситон ба Дилшод Саидмуродов ва Қамар Азизов ҳабси абад хост

Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, додситон барои гумонбарон дар парвандаи қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси "Ориёнбонк", солҳои дарози зиндон талаб кардааст. Аз ҷумла, ҳабси якумрӣ барои Дилшод Саидмуродов, машҳур бо лақаби "Дилшоди СБ" ва соҳибкор Қамарруззамон Азизов.

Ozodi.org 

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳо бо Саудӣ дар Қатар

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа шуруъ кард.

Ozodi.org 

Муштзани шинохта Баҳодур Усмонов ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифт

Баҳодур Усмонов, варзишгарони маъруфи тоҷик, дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардид.