World News in Tajik
Март
2024

Новости за 14.03.2024

Ozodi.org 

Тоҷикистон роҳҳои баргардонидани қарзҳояшро меҷӯяд

Ҳукумати Тоҷикистон масъулони Вазорати молияро вазифадор кардааст, ки дар соли 2025 қарзи боимтиёзи хориҷии бештар пайдо кунанд. Сабабаш ин аст, ки аз соли оянда ҷумҳурӣ бояд пули авроқи гаронбаҳо ва "евробондҳо" ва бахше аз қарзҳои "Эксимбонк"-и Чинро баргардонад.

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба қабули меҳмони зиёд омода шудааст

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел эълон кард, ки кишвар барои баргузории як нишасти бузурги байналмилалӣ омода шудааст. Тобистони имсол шаҳри Душанбе садҳо меҳмон аз даҳҳо кишвари ҷаҳонро мизбонӣ мекунад, ки дар пойтахт мушкилоти норасоии об дар курраи Заминро баррасӣ мекунанд.

Ozodi.org 

"На об, на барқ, на лифт". Баҳси сокинон бо "Хон 2009" дар бораи хонаҳои нотамом

Гурӯҳе аз сокинони як бинои 18-ошёна дар Душанбе мегӯянд, аз ночорӣ дар хонаҳое ҷойгир шудаанд, ки на барқ дорад, на об ва на шароити одӣ барои зистан. Ва касе ҳам арзашонро намешунавад. Ширкати бинокорӣ, ки бояд хонаро сохта ба соҳибонашон медод, тақрибан ду сол боз дар анҷоми он таъхир мекунад.

Ozodi.org 

"Дар шахта афтоду фавтид, 5 фарзанд дошт"

Гурӯҳе аз сокинони як бинои 18 ошёна дар Душанбе мегӯянд, аз ночорӣ дар хонаҳое маскун шудаанд, ки на барқ дорад ва на об ва на шароити оддӣ барои зиндагӣ. Ширкати сохтмонӣ, ки бояд хонаро сохта ба соҳибонашон медод, тақрибан ду сол аст, ки дар анҷоми сохтмон таъхир мекунад.

Ozodi.org 

"20 нафар аз гуруснагӣ ҷон додаанд." Кӯдакон дар Ғазза чӣ ҳол доранд?

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, 12 ҳазор кӯдак дар ҷанг дар Навори Ғазза кушта шуда, 20 нафар аз гуруснагӣ фавтидаанд. Беш аз 17 ҳазор кӯдак ятим монда ё ҷанг онҳоро аз ҳам ҷудо кардааст. Бархе дигар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд ва рӯҳану ҷисман беморанд.

Ozodi.org 

20 кӯдак дар Ғазза аз гуруснагӣ ҷон додаанд

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, 20 кӯдак дар Ғазза аз гуруснагӣ ҷон додаанд ва садҳо кӯдаки дигар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд ва рӯҳану ҷисман беморанд. Ҳамлаи Исроил ба Ғазза даҳҳо ҳазор кӯдаки фаластиниро сарсон кардааст ва ҳазорон кӯдак хонаву волидони худро аз даст додаанд.

Ozodi.org 

Дар Нигерия бар ивази раҳоии хонандагон маблағ талаб доранд

Гуруҳи мусаллаҳе, ки 7 март дар Нигерия беш аз 280 хонандаро рабуда буд, барои раҳоии онҳо маблағ талаб кардааст. Одамрабоён бар ивази раҳоии хонандагон як миллион найраи нигерӣ (620 432 доллар) хостаанд.