World News in Tajik
Март
2024

Новости за 21.03.2024

Ozodi.org 

Ба доди нобинои ғоратшудаи сарсон расиданд

Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ғорати ҳисоби бонкии як нобино дар Душанбе, бонк пули ӯро баргардондааст. Шаш моҳ пеш се ҳазор сомонии Аслиддин Ҷалиловро рабуданд. Саргузашти ин нобино интиқоди зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон борони сахт монеи ҷашни Наврӯз нашуд

Бо вуҷуди ҳавои боронӣ дар Душанбе имрӯз соати 3 и субҳ таҷлил аз ҷашни Наврӯз оғоз шуд. Даҳҳо нафар барои таҷлил аз ин ҷашни бостонӣ дар як боғи Душанбе ҷамъ омада, гулхани наврӯзӣ афрӯхтанд. Бар асоси тақвими расмӣ ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21-уми март оғоз шуда, як ҳафта идома мекунад.

Ozodi.org 

Сари бунёди як бино дар канори Хуҷанд даъво бархостааст

Ҳудуди 50 бошандаи маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ва сокинони ҳавлиҳои истиқоматии ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зидди сохтмони бинои нави истиқоматӣ дар наздикии манзилҳояшон ба мақомот муроҷиат кардаанд.

Ozodi.org 

Сари бунёди як бино дар Хуҷанд даъво бархостааст

Баҳси сохтмони биноҳои баландошёна ҳамакнун аз шаҳр ба ноҳияҳо мекӯчад. Гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мехоҳанд аз сохтмони бинои бисёрқабата дар назди ҳавливу хонаҳояшон ҷилавгирӣ кунанд. Мақомот чанд сол пеш барои сохтмон дар он мавзеъ иҷоза додааст.