World News in Tajik
Март
2024

Новости за 23.03.2024

Ozodi.org 

Бо гумони ҳамла ба “Крокус Сити ҳолл” тоҷикон боздошт шудаанд

Бар пояи наворҳои видеоӣ, ки чандин канали русӣ дар Телеграм пахш кардаанд, рӯзи 23 март бо гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” ба камияш 4 хориҷӣ  боздошт шудаанд, ки эҳтимолан шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ваё тоҷикони шаҳрванди Русия.

Ozodi.org 

Толибон ҳамлаи Маскавро маҳкум карданд

Толибони Афғонистон ҳамлаи рӯзи 22 март ба толори консертии  Маскавро, ки бар асари он дастикам 115 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум карданд.

Ozodi.org 

11 гумонбари ҳамла дар Маскав боздошт шуд

Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ), Александр Бортников, рӯзи 23 март гуфт, дар пайванд ба ҳамла 11 нафар, аз ҷумла 4 ҳамлавар боздошт шудаанд. Аммо ӯ тафсилоти бештар надод.

Ozodi.org 

Намоҳо аз ҳамла ба толори консертии Маскав

Афроди мусаллаҳ шоми 22 март онҳоеро ҳадафи тир қарор доданд, ки ба тамошои консерт дар толоре дар канораи Маскав омада буданд. Дар ин ҳамлаи ваҳшатафканона зиёда аз 80 нафар кушта ва беш аз 100 кас захмӣ шуданд. Грууҳи "Давлати Исломӣ" ҷавобгарии ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Ozodi.org 

ВКХ: Хабари ҳамлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия "дурӯғин аст"

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳоеро "дурӯғин" номид, ки гӯё дар ҳамлаи 22 март ба толори консертӣ дар Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз Телеграм-каналҳои Русия ҳамлаваронро шаҳрванди Тоҷикистон номидаанд.

Ozodi.org 

"Салом, хоҳар": Чаро баъзе аз кӯдакон бемору норасид таваллуд мешаванд?

Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навори тифлонеро мебинем, ки аз дард азият мекашанд ва атрофиён баъзан дар муолиҷаи онҳо оҷизӣ мекашанд. Аксари ин кӯдакони ранҷур ҳанӯз аз батни модар бо нуқс ё беморӣ ба дунё омадаанд. Чаро?

Ozodi.org 

Салом, хоҳар. Чаро баъзе аз кӯдакон бемор таваллуд мешаванд?

Дар барномаи имрӯз аз муҳимтарин масъалаи оилаҳо дар Тоҷикистон суҳбат мекунем. Таваллуд, замони бордорӣ ва мушкилоте, ки баъдан сабаби таваллуди тифли норасид, бемор ва ё кундзеҳн мешавад. Табибон мегӯянд, чӣ бояд кард, то тифл солиму тандуруст ба дунё биёяд ва бузург шавад.

Ozodi.org 

Расонаҳо: ДОИШ масъулияти ҳамларо дар Маскав ба дӯш гирифт

​Ба иттилои хабаргузории "Рейтерс", гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бо нашри баёнияе дар Телеграм масъулияти ҳамларо ба як толори консертӣ дар канори Маскав ба дӯш гирифтааст. Мақомоти Русия то ҳол дар ин бора ибрози назар накарданд.