World News in Tajik
Март
2024

Новости за 25.03.2024

Ozodi.org 

"Дар ташвишем, бачаи мо ҳам дар Русия аст"

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус" дар канори шаҳри Маскав яксон нест. Баъзеҳо ба тарроҳи ҳамла будани шаҳрвандони Тоҷикистон шубҳа дорад, иддаи дигар аз оқибатҳои ин кор барои муҳоҷирони тоҷик нигаронанд.

Ozodi.org 

"Мо ҳам дар ташвишем, бачаи мо ҳам дар Русия аст"

Ҳамлаи хунин ба Крокус бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро нигарону мушавваш кард, чун бисёриҳо як фарзанде ё азизе дар Русия доранд. Умдатан баъди ҳаргуна хабари баде дар бораи тоҷикон дар Русия озору азияти онҳо зиёд мешавад.

Ozodi.org 

Фаридуни Шамсиддин, як гумонбари ҳамла ба "Крокус" кист?

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 25 март пайвандони Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар Маскавро барои бозпурсӣ бурдаанд. Фаридуни Шамсиддин 25-сола ва аз деҳаи Лойоби Ҳисор аст. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24 март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ozodi.org 

ЮНЕСКО: Узбекистон дар рушди Бухоро ваъдахилофӣ кард

ЮНЕСКО гуфт, ҳукумати Узбекистон ваъда дода буд, ки то ҳосил шудани созиш дар бораи нақшаи куллӣ аз тахриби биноҳо дар минтақаи таърихии Бухоро даст мекашад, аммо ҳоло ваъдахилофӣ мекунад. Дар ин бора Eurasianet бо такя ба посухи хаттии Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид хабар дод.

Ozodi.org 

Додгоҳи Русия чаҳор гумонбари ҳамла ба "Крокус"-ро ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард

Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав шоми 24-уми март чаҳор шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба терроризм гумонбар донист ва то охири моҳи майи имсол ба ҳабс гирифт. Айбномаи онҳо тибқи қисми сеи банди 205-қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Русия ҷазоҳоеро то ҳабси абад пешбинӣ мекунад.