World News in Tajik
Март
2024

Новости за 28.03.2024

Ozodi.org 

Дари баста ва хонаи холии Исломовҳо, гумонбарони ҳамлаи "Крокус"

Радиои Озодӣ дар бораи Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловар, ки дар робита ба ҳодисаи "Крокус" боздошт шудаанд, баъзе ҷузъиёт пайдо кард. Хоҳари Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла, ҳамсари Аминҷон Исломов буда, хонаи онҳо дар маҳаллаи Арбобхотун, канораи Душанбе воқеъст.

Ozodi.org 

Ду боздоштшудаи "Крокус" ба зидди қарори додгоҳ шикоят кардаанд

Аминҷон Исломов ва падараш Исроил Исломов, ки мақомоти Русия онҳоро дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шарик ё ҳамдаст медонанд, хоҳони бозбинии қарори Додгоҳ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории расмии "РИА Новости" рӯзи 28-уми март иттилоъ дод.

Ozodi.org 

"Мегуфт, ба Тоҷикистон бармегардад."

Падари яке аз гумонбаршудагони ҳамла ба Крокус мегӯяд, яке аз писаронаш аз соли 2016 барои сафараш ба Сурия бо иттиҳоми "терроризм" таҳти пайгард қарор дорад. Эҳтимол меравад, чаҳор сол пеш дар Сурия кушта шудааст.

Ozodi.org 

"Ночаспо ва шубҳанок". Назари коршиносон ба ривоят ва фактҳои қазияи "Крокус"

Чанд мавриди дигари марбут ба ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус Сити Ҳол” дар канораи Маскав дар миёни коршиносон шакку шубҳа ва суолҳоеро халқ кардааст, ки мақомоти Русия ҳанӯз ба онҳо посухи рӯшан ва боварбахш надодаанд.

Ozodi.org 

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба “Крокус” ба 143 кас расид

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯйхати нави ҷонбохтагони ҳамлаи рӯзи 22-юми мартро дар "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав нашр кард. Дар он номи 143 кас зикр шудааст. Пештар ин вазорат аз 140 кушта хабар дода буд.

Ozodi.org 

"Мегуфт, ба Тоҷикистон бармегардад." Нақли падараш дар бораи Далерҷон Мирзоев

Падари яке аз гумонбаршудагони ҳамла ба Крокус мегӯяд, яке аз писаронаш аз соли 2016 барои сафараш ба Сурия бо иттиҳоми "терроризм" таҳти пайгард қарор дорад. Эҳтимол меравад, чаҳор сол пеш дар Сурия кушта шудааст.

Ozodi.org 

Ҳафт дастаи мунтахаб ба марҳилаи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт

Аз рӯи натоиҷи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 дар минтақаи Осиё, ки 26-27-уми март баргузор шуданд, ҳафт дастаи мунтахаб – Қатар, Эрон, Узбекистон, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Австралия пешакӣ ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ пайдо карданд.