World News in Tajik
Март
2024

Новости за 26.03.2024

Ozodi.org 

Модари Муҳаммадсобир мегӯяд, хатои писари маро такрор накунед

Бо гузашти чаҳор рӯз хонаводаи Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарон дар ҳамлаи хунин дар канори шаҳри Маскав дар бораи фарзандашон бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кард. Бубинед, модараш чӣ мегӯяд.

Ozodi.org 

"Ҳуррият": Ду гумонбари ҳамла ба "Крокус" чанд ҳафта дар Туркия буданд

Нашрияи туркии "Ҳуррият" аз қавли манбаъҳояш дар сохторҳои амниятии Туркия навишт, ки камаш ду гумонбари ҳамла ба “Крокус”-и Маскав чанд ҳафта дар Истанбул буданд, вале эҳтимоли ба ақидаҳои ифротӣ гаравидани онҳо камтар аст.

Ozodi.org 

"Гуфтанд, чизу чораатонро бардореду дафъ шавед"

Даҳҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ба зӯроварӣ, муносибати душманона ва ронда шудан аз кор рӯбарӯ гаштаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, сокинони Русия талош мекунанд, дар ҳар ҳолати мумкин бадбинии худро ба онҳо нишон диҳанд.

Ozodi.org 

"Ба тӯй мерафт", "сартароши хуб буд", "намозро соз намехонд". Муҳаммадсобир Файзов кист?

Модари Муҳаммадсобир Файзов, дар гузашта сартарош ва ҳоло яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, мегӯяд, ба иттиҳоми эълоншуда ба зидди писараш дар Русия бовар надорад.

Ozodi.org 

Трампро рӯзи 15 апрел дар Ню-Йорк муҳокима мекунанд

Муҳокимаи президенти пешини ИМА Доналд Трамп, ки ҳоло номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президентӣ аст, рӯзи 15 апрел сурат мегирад. Дар таърихи ИМА ин бори аввал аст, ки президенти пешинро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик ба Туркия мераванд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Antalya Grand Slam 2024”), ки рӯзҳои 29-31-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.