World News in Tajik
Март
2024

Новости за 22.03.2024

Ozodi.org 

40 кушта ва беш аз 100 захмӣ. Ҳамла ба толори мусиқӣ дар Маскав

Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфт, ба иттилои аввалия дар ҳамла ба толори мусиқии “Крокус Сити” дар наздикии Маскав ба камияш 40 нафар кушта ва беш аз сад кас захмӣ шудаанд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия онро “ҳамлаи хунини террористӣ” номид. Ҳодиса рӯзи 22-юми март рӯй дод.

Ozodi.org 

"Ин ҳанӯз охири кор нест." Нархи обро барои деҳқонон гарон карданд

Деҳқонҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз ба нармкунии замин ва кишт машғуланд. Абдурозиқ Мӯъминов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садҳо бех ангур парвариш мекунад. Манбаи асосии даромадаш ҳамин аст, аммо имсол фоидаи зиёдро чашмдор нест. Бар замми хароҷоти дигар, нархномаи нави об ӯро ба ташвиш овардааст.

Ozodi.org 

Қимати оби полезӣ дар Тоҷикистон боло рафт

Дар Тоҷикистон нархи як метри мукааб оби полезӣ 150 дарсад боло рафтааст. Агар деҳқонон то охири моҳи январи имсол барои оби полезӣ ҳамагӣ 2 дирам мепардохтанд, аз моҳи феврал дигар 5 дирам месупоранд. Акнун деҳқонон ҳайрону нигарон шудаанд.

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон мехоҳанд аз паси Русия бираванд

Ба дунболи Русия, Қирғизистон ҳам мехоҳад низоми онлайнии ширкат дар интихоботро роҳандозӣ кунад. Агар ин таҷриба ҷорӣ шавад, сокинон дигар ба ҳавзаҳо нарафта, метавонанд, тариқи интернет овоз диҳанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд ин шева осонтар аст, кафолат нест, ки интихобот шаффоф хоҳад гузашт.

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон аз раъйдиҳии электронӣ мегӯянд

Дар пайи Русия, Қирғизистон ҳам мехоҳад низоми онлайнии ширкат дар интихоботро роҳандозӣ кунад. Агар ин таҷриба ҷорӣ шавад, дигар раъйдиҳандагон ба ҳавзаҳои овоздиҳӣ нарафта, метавонанд, тариқи интернет раъй диҳанд.

Ozodi.org 

Оқилбек Муродовро 12 моҳ ба ҳабс гирифтанд

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 20-уми март ҳабси ҳомии ҳуқуқи қарақалпоқистонӣ Оқилбек Муродовро 12 моҳ дароз кард. Дар ин бора хоҳари вай Фариза Норбекова хабар дод.

Ozodi.org 

Умедҳо ва таҳдидҳо. Бозинтихоби Путин барои Тоҷикистон ва минтақа чӣ пайомад дорад?

Коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, мегӯянд, пирӯзии Путин дар интихоботи Русия таъсири ин кишварро тақвият мебахшад ва равандҳои иқтидоргароёнаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои дароз ҳифз мекунад.

Ozodi.org 

Вайронгариҳои сел дар Тоҷикистон

Боронҳои ду рӯзи охир сабаби омадани сел дар Хатлон ва ноҳияҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон шудааст. Бино ба наворҳои фиристодаи корбарон ба Радиои Озодӣ, сел роҳ, пул ва ҳавливу заминҳои киштро дар чанд минтақа, аз ҷумла ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Ҳисору Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдат вайрон кардааст.

Ozodi.org 

Худойназар - посдори ҳунари қадимаи тоҷикӣ

Қуроқдӯзӣ ё порчадӯзӣ аз гузаштаҳо дар байни мардуми дунё ривоҷ ёфт буд. Ин ҳунар дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зинда аст. Худойназар Ҷабборов аз Қубодиён беш аз 30 сол боз қуроқдӯзӣ мекунад. Ҳунари ӯ бештар манзили навхонадоронро оро медиҳад. Мегӯяд, сокинон ӯро бо ин ҳунараш эҳтиром мекунанд.